ОМӮЗГОРИ АСИЛ

Ноябрь 9, 2009 16:20

                 Хоруғ, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Матбааи рақами 6-и шаҳри Москва китоби «Омӯзгори асил»-ро интишор додаст, ки он зиндагиномаи яке аз нахустин хатмкардаҳои Донишгоҳи халқҳои шарқи шаҳри Ленинград Давлаталӣ Шабдолов мебошад. Китоб 318 саҳифа дошта, бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст.                  Давлаталӣ Шабдолов яке аз нахустин шахсоне буд, ки чароғи илму маърифатро дар қалби фарзандони ВМКБ барафрӯхта буд. Ба хотири хизматҳои шоёнаш дар рушди маорифи вилоят ба унвони «Муаллими хизматнишондодаи СССР», «Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.                     Мураттиби китоб номзади илми таърих устоди Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ рӯзноманигор Ҷонибеки Қозибек беҳтарин очеркҳои рӯзноманигорон хотироти ҳампешагон, пайвандон ва онҳое, ки ӯро хуб мешинохтанд дар «Омӯзгори асил» ҷой додаанд.

Ноябрь 9, 2009 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд