ОМӮЗГОРИ АСИЛ
Хоруғ, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Матбааи рақами 6-и шаҳри Москва китоби «Омӯзгори асил»-ро интишор додаст, ки он зиндагиномаи яке аз нахустин хатмкардаҳои Донишгоҳи халқҳои шарқи шаҳри Ленинград Давлаталӣ Шабдолов мебошад. Китоб 318 саҳифа дошта, бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Давлаталӣ Шабдолов яке аз нахустин шахсоне буд, ки чароғи илму маърифатро дар қалби фарзандони ВМКБ барафрӯхта буд. Ба хотири хизматҳои шоёнаш дар рушди маорифи вилоят ба унвони «Муаллими хизматнишондодаи СССР», «Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Мураттиби китоб номзади илми таърих устоди Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ рӯзноманигор Ҷонибеки Қозибек беҳтарин очеркҳои рӯзноманигорон хотироти ҳампешагон, пайвандон ва онҳое, ки ӯро хуб мешинохтанд дар «Омӯзгори асил» ҷой додаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






