ОМОДАГӢ БА ҶАЛАСАИ VII КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи VII Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатип Ахмедов баррасӣ гардид. Роҳбари маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Муҳаммадҷон Қосимов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар назар аст ҷаласаи VII Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ 8-9 декабри соли равон дар шаҳри Остона баргузор гардад. Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дахл карда, оид ба ҳамгироии ҳарду кишвар дар соҳаи энергетика ва саноат, сармоягузории лоиҳаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ, маориф ва ғайра табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






