ОРДЕНИ «БАРОИ ХИЗМАТҲОИ БУЗУРГ» БА ЗИЁРАТШО САЪДУЛЛО
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Шӯрои Марказии созмонҳои мудофиавӣ ва варзиши техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чанд нафар роҳбарону кормандони варзидаро барои хизматҳои шоёнашон дар таҳкими бахши мудофиавӣ, саҳми муносибашон дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва пешрафти созмонҳои мудофиавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонид. Аз ҷумла раиси ноҳияи Нуробод Зиёратшо Саъдулло бо ордени «Барои хизматҳои бузург», ки онро Шӯрои Марказии Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ – техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис намудааст, қадрдонӣ шуд. Ордени мазкурро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандааш муовини раис – сардори Раёсати молия ва буҷаи Кумитаи Марказии ТҶММ полковник Комилшо Шарифов дар вазъияти тантанавӣ ба раиси ноҳияи Нуробод Зиёратшо Саъдулло супорид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






