ОВОЗХОНИ ИТАЛИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Овозхони операвӣ аз Италия Полина Кудышкина барои ҳамкорӣ ба театри академӣ-драмавии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даъват карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори театр Холмаҳмад Маҷидов хабар дод. Бо театри мо П. Кудышкина шартнома дар мӯҳлати 2 сол бастааст, қайд намуд Х. Маҷидов. Ба қавли Х. Маҷидов овозхон дар операи «Аида» дар нақши Амнерис бозӣ хоҳад кард. Инчунин ӯ дар операи «Кармен» нақши асосиро хоҳад бозид. Дар операи «Аида» боз як ҳунарманди хориҷӣ иштирок мекунад. Айни ҳол бо вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфтушунид гузаронида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






