ОВОЗХОНИ ИТАЛИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 10, 2009 16:56

                  Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Овозхони операвӣ аз Италия Полина Кудышкина барои ҳамкорӣ ба театри академӣ-драмавии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даъват карда шудааст.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори театр Холмаҳмад Маҷидов хабар дод.                   Бо театри мо П. Кудышкина шартнома дар мӯҳлати 2 сол бастааст, қайд намуд Х. Маҷидов.                    Ба қавли Х. Маҷидов овозхон дар операи «Аида» дар нақши Амнерис бозӣ хоҳад кард. Инчунин ӯ дар операи «Кармен» нақши асосиро хоҳад бозид.                    Дар операи «Аида» боз як ҳунарманди хориҷӣ иштирок мекунад. Айни ҳол бо вазорати фарҳанги Қирғизистон гуфтушунид гузаронида мешавад. 

Ноябрь 10, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид