ПЕШГИРИИ ҚОЧОҚИ 150 ҲАЗОР ДОЛЛАР БА ЧИН

Ноябрь 25, 2009 10:43

                   Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – 17 ноябри соли ҷорӣ кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд дар вақти азназаргузаронии гумрукии бағоҷ ва борҳои дастии мусофироне, ки бо хатсайри рақами 6030, самти «Хуҷанд- Урумчӣ» парвоз мекарданд, аз дохили борхалтаи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Хе Хайсин, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Урумчӣ маблағи пулии 150 ҳазор доллари амрикоӣ дарёфт карда, мусодира шуд. Номбурда мехост ин миқдор асъори хориҷиро бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» нозири калони шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Нурулло Шарипов хабар дод, нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Хе Хайсин парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи нақлиётии вилояти Суғд ирсол гардид. 

Ноябрь 25, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»