ПЕШНИҲОДИ САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 19, 2009 16:59

                  Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар» — информ.кз). – Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов 19 ноябр дар Душанбе зимни мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ пешниҳод кард, ки соли 2010 дар Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида шавад.                  Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ин натиҷаи муносибатҳои дӯстонаи бисёрасраи халқҳои ҳар ду кишвар ва муносибатҳои хайрхоҳонаи сарони ҳар ду давлат мебошад. М.Асрорӣ пешниҳоди сафири Қазоқистонро дар бораи гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин мамлакат дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки имконияти дар Қазоқистон намоиш додани асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» баррасӣ карда шавад. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории фарҳангии ҳар ду кишвар нақшаи амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ таҳия карда шавад.                  Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳар ду ҷониб дар соҳаҳои ҳунару фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки заминаи мавҷудаи ҳамкории қонунӣ ба равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба шароити хуб муҳайё месозад. Сафири Қазоқистон пешниҳод намуд, ки намоишномаи драмнависи қазоқ Дулат Исобеков «Мусофири транзитӣ» дар шаҳри Душанбе ва асари драмнависи тоҷик Тоҳир Маҳмадризоев «Ишқи парӣ» дар Театри драмавии шаҳри Қизилӯрда намоиш дода шаванд. Ҳамчунин масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои мусиқии мактабҳои олии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ноябрь 19, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид