ПЕШНИҲОДИ САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар» — информ.кз). – Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов 19 ноябр дар Душанбе зимни мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ пешниҳод кард, ки соли 2010 дар Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон гузаронида шавад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ин натиҷаи муносибатҳои дӯстонаи бисёрасраи халқҳои ҳар ду кишвар ва муносибатҳои хайрхоҳонаи сарони ҳар ду давлат мебошад. М.Асрорӣ пешниҳоди сафири Қазоқистонро дар бораи гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин мамлакат дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки имконияти дар Қазоқистон намоиш додани асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» баррасӣ карда шавад. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории фарҳангии ҳар ду кишвар нақшаи амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ таҳия карда шавад. Зимни сӯҳбат масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳар ду ҷониб дар соҳаҳои ҳунару фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки заминаи мавҷудаи ҳамкории қонунӣ ба равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба шароити хуб муҳайё месозад. Сафири Қазоқистон пешниҳод намуд, ки намоишномаи драмнависи қазоқ Дулат Исобеков «Мусофири транзитӣ» дар шаҳри Душанбе ва асари драмнависи тоҷик Тоҳир Маҳмадризоев «Ишқи парӣ» дар Театри драмавии шаҳри Қизилӯрда намоиш дода шаванд. Ҳамчунин масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои мусиқии мактабҳои олии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






