ПОЙГА АЗ ТУРСУНЗОДА ТО РОҒУН
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Аз 21 то 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон дар роҳи мошингарди Турсунзода — Шаҳринав – Ҳисор – Душанбе – Ваҳдат – Файзобод то шаҳраки бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар масофаи 175 километр пойга ташкил карда мешавад. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои гузаронидани пойгаи мазкур тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Қайд карда шуд, ки иштирокчиёни пойга бо тамоми асбобу анҷоми зарурӣ таъмин гардиданд, онҳоро кормандони БДА ВКД ҷумҳурӣ ва духтурон ҳамроҳӣ мекунанд. Иштирокчиёни пойга баъди анҷоми он бо коргарони НБО Роғун мулоқот хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






