ПОЙГА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ташаббуси Федератсияи варзиши сабуки мамлакат ва ширкати алоқаи телефонии «МЛТ» 21 ноябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ пойгаи миллӣ оғоз ёфт. Дар пойга варзишгарони ҷавон ва собиқадорони варзиш иштирок намуданд. Роҳбари Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи пойга изҳор намуд, ки чунин тадбирҳо барои пешрафти соҳаи варзиш, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим ва ба майдон овардани варзишгарони ҷавон кӯмаки калон мерасонанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ғолибони пойга ба тӯҳфаҳои хотиравии ширкати «МЛТ» сазовор гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






