ПОЙГА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ноябрь 23, 2009 15:42

                  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ташаббуси Федератсияи варзиши сабуки мамлакат ва ширкати алоқаи телефонии «МЛТ» 21 ноябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ пойгаи миллӣ оғоз ёфт. Дар пойга варзишгарони ҷавон ва собиқадорони варзиш иштирок намуданд.                    Роҳбари Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи пойга изҳор намуд, ки чунин тадбирҳо барои пешрафти соҳаи варзиш, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим ва ба майдон овардани варзишгарони ҷавон кӯмаки калон мерасонанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ғолибони пойга ба тӯҳфаҳои хотиравии ширкати «МЛТ» сазовор гардиданд. 

Ноябрь 23, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд