ПРЕЗИДЕНТ САВГАНД ЁД МЕКУНАД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар» — pravda) — Мувофиқи хабари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузории маросими савгандёдкунии президенти аз нав интихоб шудаи Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи 19 ноябри соли 2009 дар назар дошта шудааст. Масъулияти баргузории маросими савгандёдкунӣ ба ӯҳдаи комиссияи махсуси ҳукуматӣ зери роҳбарии вазорати мудофиаи ин мамлакат ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ гузошта шудааст. Дар маросими тантанавӣ сарони як қатор мамлакатҳои хориҷӣ, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёву Аврупо иштирок хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки даври дуввуми интихоби Президент дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бинобар аз иштирок даст кашидани рақибии асосии Ҳомид Карзай, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор нагардид ва Комиссияи марказии интихобот Ҳомид Карзайро Президенти ғолиб эълон кард. Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин қарори Комиссияи марказии интихоботи Афғонистонро дастгирӣ карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






