ПРЕЗИДЕНТИ НАХУСТИНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ИНТИХОБ ШУД
Брюссел, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). – Дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Аврупо Президенти нахустини Иттиҳоди Аврупо интихоб карда шуд. Ба ин вазифа сарвазири Белгия Херман Ван Ромпей интихоб гардид. Намояндаи Британияи Кабир Кетрин Эштон комиссари олии Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои сиёсати берунӣ ва амният таъин шуд. Ба ин вазифа сиёсатмадорони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла, сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкер, сарвазири Белгия Херман Ван Ромпей, сарвазири Нидерландия Ян Петер Балкененде, сарвазири собиқи Британияи Кабир Тони Блэр, канслери собиқи Австрия Волфганг Шюссел ва президенти собиқи Латвия Вайра Вике Фрейбарг номзад пешбарӣ шуда буданд. Президенти Иттиҳоди Аврупо ба мӯҳлати 2,5 сол интихоб гардида, боз як мӯҳлати дигар ба ин вазифа интихоб шуда метавонад. Интихоботи президенти Иттиҳоди Аврупо баъди имзои созишномаи Лиссабон ба ҷои Конститутсияи Иттиҳоди Аврупо муяссар гардид. Президенти Иттиҳоди Аврупо аз 1 декабр расман ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






