ПРЕЗИДЕНТИ НАХУСТИНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ИНТИХОБ ШУД

Ноябрь 20, 2009 10:28

                  Брюссел, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). – Дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Аврупо Президенти нахустини Иттиҳоди Аврупо интихоб карда шуд. Ба ин вазифа сарвазири Белгия Херман Ван Ромпей интихоб гардид. Намояндаи Британияи Кабир Кетрин Эштон комиссари олии Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои сиёсати берунӣ ва амният таъин шуд.                    Ба ин вазифа сиёсатмадорони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла, сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкер, сарвазири Белгия Херман Ван Ромпей, сарвазири Нидерландия Ян Петер Балкененде, сарвазири собиқи Британияи Кабир Тони Блэр, канслери собиқи Австрия Волфганг Шюссел ва президенти собиқи Латвия Вайра Вике Фрейбарг номзад пешбарӣ шуда буданд.                    Президенти Иттиҳоди Аврупо ба мӯҳлати 2,5 сол интихоб гардида, боз як мӯҳлати дигар ба ин вазифа интихоб шуда метавонад.                    Интихоботи президенти Иттиҳоди Аврупо баъди имзои созишномаи Лиссабон ба ҷои Конститутсияи Иттиҳоди Аврупо муяссар гардид.                   Президенти Иттиҳоди Аврупо аз 1 декабр расман ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ менамояд. 

Ноябрь 20, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад