РӮЗИ ФАРҲАНГИ ҶАВОНОНИ СУҒД ДАР АШТ

Ноябрь 18, 2009 16:36

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҷавонони минтақаҳои гуногуни вилоят, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, ошноӣ пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои миллӣ, 17 ноябр дар ноҳияи Ашт «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд» баргузор гардид.                   Сардори маркази матбуоти назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Азизхон Тӯраев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар ҷавонони лаёқатманду эҷодкор, аз қабили роҳбарони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ситораҳои эстрадаи вилоят, театр–студияи «Хандинкамон», олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёну хонандагон бо роҳбарии сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов иштирок намуданд.                    Субҳи барвақт дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт, муовини раиси ноҳия ва ҷавонон меҳмононро пешвоз гирифта, онҳоро бо фаъолияти корхонаи саноатии ҶСК «Кони намак» ошно намуданд. Сипас, мулоқоти сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов бо сарбозони қисми низомии 14356 Б-и ноҳия доир гашта, иштирокчиёни Рӯзи фарҳангӣ аз зисту зиндагонӣ, хӯрду хурок ва ҷойҳои хоби сарбозон дидан намуданд.                     Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти раиси ноҳия Даврон Зоидов бо ҷавонони лаёқатманду эҷодкор, роҳбарони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимону муҳаққиқони чавон ва донишҷӯёну хонандагон доир гашт.                      Иштирокчиёни Рӯзи фарҳангӣ аз масҷиди ҷомеи навбунёди ҷамоати Понғоз дидан намуданд.                      Қисми фарҳангии чорабинии мазкур дар толори кино-театри Лола баргузор гардид, ки дар он ситораҳои эстрадаи вилоят, театр–студияи «Хандинкамон» баромад намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои ҳаёту фаъолияти ҷавонон саҳначаҳо намоиш доданд.                       Мавриди ёдоварист, ки то 24 ноябр «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд» дар дигар шаҳру ноҳияиҳои вилоят баргузор хоҳад шуд. 

Ноябрь 18, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст