РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО 7000 ҶАВОН
Суғд, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).-Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дастгирии ҳамаҷонибаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили 15-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон доштани санаи 24 -уми ноябр ҳамчун «Рӯзи парчам» бо ташаббуси Раёсат роҳпаймоии зиёда аз 7500 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд баргузор гардид. Роҳпаймоӣ ҳаракати худро бо иштироки 1000 нафар ҷавонони фаъоли ноҳияи Б.Ғафуров бо бардоштани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозаи 10х50м) аз назди ҳайкали Б.Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, то варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Бояд тазаккур дод, ки ба ҷавонони ноҳияи Б.Ғафуров аз гардиши шаҳрҳои Чкалов (500 нафар), Қайроққум (500 нафар), Хӯҷанд (3000 нафар) ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят (2500 нафар) ҷавонони фаъоли дигари шаҳрҳои номбурда ба роҳпаймоӣ ва бардоштани парчами миллӣ ва гулҳо ҳамроҳӣ намуданд. Баъдан, ҷавонон вориди варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд гардида, барномаи консертии идонаи ситораҳои эстрадии вилоят пешкаши ҷавонон гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






