«РАЪДУ БАРҚ» ДАР ТЕАТРИ ЛОҲУТӢ

Ноябрь 24, 2009 11:32

                    Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дар Театри давлатии драммавии академии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи драматурги Чин Сао Юй бо номи «Раъду барқ» ба саҳна гузошта мешавад. Ин намоишнома ҳанӯз солҳои 30 – уми асри гузашта аз тарафи театри мазкур таҳия шуда буд, аммо бо сабабҳои сиёсӣ намоиши он қатъ мегардад. Коргардон Хушназар Майбалиев ин драммаи классикиро бо назардошти аҳамияти маънавӣ доштанаш дубора ба саҳна гузошт. Тавре ӯ мегӯяд: «Намоишнома дар бораи нақши бетафовутӣ ба сарнавишти инсон ва тақдири ӯ нақл мекунад».                     Дар маркази намоишнома таърихи сардори шахтаҳои коркарди ангишт, ки танҳо ба ҷамъоварии сармоя ва гирифтани манфиатҳои моддӣ машғул буда, ба сарнавишти инсон, тақдир ва мушкилоти ӯ муносибати бетафовут дорад, ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамчунин дар намоишнома дар бораи ишқи ду ҷавоне, ки аз хешу табор будани ҳамдигар бехабаранду якдигарро дӯст медоранд, нақл карда мешавад. Умуман, дар намоишнома бисёр масъалаҳое муҳими иҷтимоии рӯзмарра баррасӣ мешаванд.                   «Аз дидори намоиш лаззати маънавӣ хоҳед гирифт», — қайд кард дар охир Х.Майбалиев.

Ноябрь 24, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст