РИОЯИ ТАНЗИМ РИОЯИ ҚОНУН

Ноябрь 11, 2009 14:57

                 Фархор, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Фархор комиссияи доимии ноҳиявӣ ва бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягии гурӯҳи кории таъсисдодаи ҳукумати ноҳия, масъалаи ташвиқу тарғиби қонуни танзимро дар ҷамоатҳои деҳоти Комсомол, Ғайрат, Ватан, Зафар, Гулшан, шӯъбаи корҳои дохилӣ, маориф ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ноҳия роҳандозӣ намуда, ҳафтае як маротиба бо сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ гузаронида истодаанд. Эмомалӣ Амиров, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ноҳия дар вобастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки то инҷониб дар ноҳия 2613 таваллуд, 55 адад хатнасур, 1341 тӯйҳои домодию арусӣ, 1023 қайди никоҳи тантанавӣ, 379 фавт, 193 оши чил, 127 оши сари сол ва дигар маъракаҳо гузаронида шуд, ки дар он маблағи 2146604 сомонӣ масраф гардидааст, ки ба ҳар як маърака 1252 сомонӣ рост меояд. Ба гуфти Э. Амиров дар ин давра аз тарафи шаҳрвандони ноҳия 6 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, 5 нафари онҳо ба маблағи 14000 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. 

Ноябрь 11, 2009 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд