САҲМИ КӮЛОБ ДАР СОХТМОНИ РОҒУН
Кӯлоб, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Муроҷиати сарвари давлат доир ба саҳм гузоштан дар сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда истодааст. Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 40 нафар кормандони шӯъбаи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси васеъи корхона қарор қабул намуданд, ки маоши якрӯзаи худро ба суратҳисоби нерӯгоҳи барқи обии Роғун мегузаронанд. Бо дастгирӣ аз ин иқдом кормандони бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб низ маоши якмоҳаи худро ба ин мақсад равона сохтанд. Тавре аз маркази матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳр саҳми худро дар сохтмони нерӯгоҳ мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки яке аз аввалинҳо шуда, муроҷиати сарвари давлатро шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб дастгирӣ намуда буданд ва муроҷиатномаи онҳо ба табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳру ноҳия ҳисси ватандӯстию ободкориро дучанд менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






