САҲМИ ЗАНОНИ НОҲИЯИ ҲИСОР ДАР БУНЁДИ «РОҒУН»-30 000 СОМОНӢ

Ноябрь 18, 2009 14:32

                  Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ Ховар, Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре иттилоъ дода будем, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, иқдоми Президенти мамлакатро дар хусуси ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан эълон намудани майдони сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷонибдорӣ намуда, муроҷиатнома қабул намуд ва онро тавассути воситаҳои ахбори омма ба унвони бонувони кишвар пешниҳод кард.                   Дар ҳақиқат бонувони кишвари мо роҳи интихобнамудаи Сарвари давлатро пеш аз ҳама дастгирӣ намуда, бо сарбаландӣ барои ободонии Ватани хеш саҳмгузор мебошанд.                    Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҳисор Хайринисо Раҷабова ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки 12 ноябри соли равон Шӯрои занони ноҳияи Ҳисор зимни як нишаст муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд. Онҳое, ки дар мақомоти давлатӣ ва дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият мекунанд маоши як рӯзи кориашонро ба саҳмияи НБО «Роғун», ки ҷамъ 30 ҳазор сомониро ташкил дод, ирсол намуданд.                     Ҳамчунин, 300 нафар ҷавондухтароне, ки дар Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Истиқлолият» дар ноҳияи Ҳисор кор мекунанд, ба маблағи 900 сомонӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсози миллат ирсол намуданд. Дар баробари ин, як гурӯҳ занон аз ҷамоати деҳоти Навобод, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор ва ҷамоати Деҳқонобод низ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.                      «Айни ҳол мо дар саҳрои пахтачинӣ қарор дорем ва пахтачинҳо низ қарор доданд, ки якрӯза музди меҳнаташонро ба НБО «Роғун» ирсол намоянд. Онҳо аз ояндаи дурахшони ин иншооти ҳаётан муҳими миллӣ изҳори боварӣ карда, таъкид доштанд, ки дар самти амалишавии ҳадафҳои мамлакат бетараф нахоҳанд буд», — гуфт дар хотима Х. Раҷабова.  

Ноябрь 18, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст