САҲМИЯҲОИ РОҒУН ФУРӮХТА МЕШАВАНД

Ноябрь 25, 2009 15:10

                   Душанбе, 25 ноября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Саҳмгузорӣ ба сохтмони яке аз иншоотҳои азими энергетикии кишвар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бо муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда истодааст.                    Вобаста ба ин дар Бинои марказии Бонки давлатии амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк »ҷамъомад бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони бонк ҷиҳати дастгирии муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии молиявии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» доир гардид.                      Дар иртибот ба муроҷиати мазкур Раёсати бонк тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби фоидаи бонк ба маблағи 2 миллион сомонӣ саҳмияҳои сохтмони Нерӯгоҳи мазкурро харидорӣ намояд. Ҳамчунин аҳли кормандон ва мутахассисини бонк низ иқдом гирифтаанд, ки аз ҳисоби музди меҳнаташон саҳми худро дар сохтмони мазкур хоҳанд гузошт.  

Ноябрь 25, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд