САНҶИШИ КОРМАНДОНИ ТИБ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Ноябрь 11, 2009 15:02

                  Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Чанде қабл зимни боздиди Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Нуробод — шаҳраки Дарбанд беморхонаи замонавии дорои тамоми таҷҳизоти ҷадид барои 100 нафар, мавриди истифода қарор дода шуд.                    Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, ин беморхона агар аз як тараф ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар имкон фароҳам меорад, то дар ин марказ ҷаласаҳои муштарак ва конфронсу вохӯриҳои кормандони тибби водии Рашт баргузор гарданд.                    Инчунин, дирӯз дар ин беморхона санҷиши сатҳи донишу малакаи кормандони тиб аз ҷониби комиссияи махсуси Вазорати тандурустӣ доир гардид. 56 нафар табибон ва 152 нафар кормандони миёнаи тибби водӣ аз санҷиш гузашта, дорои дараҷаҳои тахассусӣ гардиданд.                    Акнун мутахассисони ноҳияҳои Роғуну Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Тоҷикободу Рашт метавонанд бе он ки ба пойтахт сафар кунанд, дар шаҳраки Дарбанд тавассути гурӯҳҳои сайёр аз санҷиш гузаштаву дорои дараҷаҳои тахассусӣ гарданд.                      Тавре сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод Саймирзо Шомуртазоев иброз дошт, на ҳамаи кормандони соҳаи тиб имконияти харҷи сафарро ба пойтахт доранд. Аз ин хотир аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани гурӯҳи сайёр хеле бамаврид аст. Дар ин ҳол кулли кормандони соҳа имкон доранд аз санҷиши тахассусӣ гузаранд.  

Ноябрь 11, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд