ШИФОХОНАИ НАВ

Ноябрь 20, 2009 15:47

                   Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар ҶДММ «Тандурустӣ» шифохонаи нави хусусии «Эндохирургия» кушода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.                   Дар маросими кушодашавии шифохона муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова, директори шифохонаи «Шифо» Абдушафеъ Хоҷиев, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳурӣ ва меҳмонон иштирок карданд.                     Клиникаи мазкур бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 70-солагии ташкили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абу Али ибни Сино кушода шуд, қайд намуд С. Ҷобирова.                    Шифохонаи мазкур бо асбобу анҷоми навтарини сохти Олмон таҷҳизонида шудааст. Дар он барои 32 нафар ҷойи хоб, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва дигар шӯъбаҳои зарурӣ кушода шудааст. Дар он мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб аз ҷумла, ҷарроҳон, духтурҳои бемориҳои гурда, асаб, кардиологҳо кор мекунанд. Дармонгоҳ дорои ҳуҷраи махсуси ташхиси беморӣ бо ёрии ультрасадо мебошад.

Ноябрь 20, 2009 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд