ТАДБИРҲОИ ҚАТЪИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН

Ноябрь 18, 2009 10:07

                 Кобул, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Aфғонистон. ру). – Пагоҳ, 19 ноябр дар пойтахти Давлати Исломии Афғонистон — шаҳри Кобул маросими савгандёдкунии президенти мамлакат Ҳамид Карзай баргузор мегардад. Ба ин муносибат дар Кобул ва ноҳияҳои атрофи он тадбирҳои қатъии таъмини амният амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, хабар дода мешавад, ки роҳҳои даромаду баромади пойтахти мамлакат 19 ноябр комилан баста хоҳанд шуд.                 Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва амният дар Кобул ситоди махсуси байниидоравӣ таъсис дода шуд. Ситоди мазкур фаъолияти тамоми сохторҳои низомӣ ва интизомиро дар ҷараёни маросими савгандёдкунии президент ҳамоҳанг месозад.                  Мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Афғонистон 17 ноябр ба аҳолӣ муроҷиат карда, сокинони мамлакатро даъват намуданд, ки барои таъмини амният бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ кунанд. Бо ин мақсад дар вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати амнияти миллӣ барои ҷамъ овардани маълумоти таъҷилӣ хатҳои мустақими алоқа ташкил карда шуданд.                   Хабар дода мешавад, ки 19 ноябр парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар майдони байналхалқии ҳавоии Кобул қатъан манъ карда мешавад. Майдони ҳавоӣ 19 ноябр танҳо ҳавопаймоҳоеро қабул мекунад, ки меҳмонони хориҷӣ бо онҳо ба Кобул меоянд.

Ноябрь 18, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд