ТОҶИКИСТОН ИМКОНИЯТИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дастаи футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи Осиё-2010, ки дар Непал баргузор гашта буд, барои бозии финалӣ роҳхат нагирифт. Дар бозиҳои хотимавӣ ду гурӯҳи Е ва G, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, нисбат ба футболбозони тоҷик натиҷаи беҳтар нишон доданд. Натиҷаи беҳтаринро барои дар Мусобиқаи Осиё иштирок кардан дастаи футболбозони Ветнам, ки бо 12 хол ҷойи сеюмро дар гурӯҳи Е ишғол карданд, нишон доданд. Дастаи дигаре, ки барои роҳхат қувваозмоӣ мекунад дастаи футболбозони Малайзия бо 9 хол ҷойи сеюмро дар гурӯҳи G ишғол кардааст. Ёдовар мешавем, ки роҳхат барои бозии финалӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, ҳамчунин як дастаи аз Ғарб ва Шарқ, ки ҷойҳои сеюмро ишғол кардаанд, роҳхат мегиранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






