ТОҶИКИСТОН ВА ШРИ – ЛАНКА: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 23 ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Мухтор ва Фавқулоддаи Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷаялот Виракоди мулоқот баргузор намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дутарафа ва бисёрҷонибаро муҳокима карданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ягонагии давлатҳои дӯст ва бародарро эътироф карда, муваффақиятҳои Ҳукумати ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланкаро дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дастгирӣ мекунад. Вазир ҳамчунин изҳор кард, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид имкониятҳои васеъ истифоданашуда мавҷуд аст. Сафири Мухтор ва Фавқулоддаи Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷаялот Виракоди изҳор кард, ки мамлакаташ омодааст, ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи коркарди сангҳои қиматбаҳо, гидроэнергетика ва рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, мубодилаи таҷриба ва ташкили курсҳои таълимӣ барои мутахассисони соҳаи сайёҳиро ба роҳ монад. Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






