ТОҶИКИСТОН ВА ШРИ – ЛАНКА: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

Ноябрь 24, 2009 11:37

                   Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 23 ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Мухтор ва Фавқулоддаи Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷаялот Виракоди мулоқот баргузор намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дутарафа ва бисёрҷонибаро муҳокима карданд.                   Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ягонагии давлатҳои дӯст ва бародарро эътироф карда, муваффақиятҳои Ҳукумати ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланкаро дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дастгирӣ мекунад. Вазир ҳамчунин изҳор кард, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид имкониятҳои васеъ истифоданашуда мавҷуд аст.                   Сафири Мухтор ва Фавқулоддаи Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри – Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷаялот Виракоди изҳор кард, ки мамлакаташ омодааст, ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи коркарди сангҳои қиматбаҳо, гидроэнергетика ва рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, мубодилаи таҷриба ва ташкили курсҳои таълимӣ барои мутахассисони соҳаи сайёҳиро ба роҳ монад.                    Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Ноябрь 24, 2009 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд