ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – аз 10 то 15 ноябри соли 2009 дар ҷумҳурии мардумии Чин мусобиқаи 18 –уми Осиё оид ба варзиши сабук баргузор мегардад. Дастаи яккачини мамлакат оид ба варзиши сабук дар ҳайати Дилшод Назаров, Аҷмал Амиров, Галина Митяева, Алишер Эшбеков ва Фарҳод Қуралов дар ин мусобиқаи бонуфуз шарафи ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд. Сарпарасти дастаи яккачин оид ба варзиши сабук Ширкати оператории «Алоқаҳои мутаҳаррики Тоҷикистон» мебошад. Тавре директори ҶСП «ТТ мобайл» Гулмахмад Қаюмов иттилоъ дод, варзишгарони тоҷик барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар ин мусобиқа имконияти хуб доранд, бинобар ҳамин Ширкати оператории «Алоқаҳои мутаҳаррики Тоҷикистон» ҳамчун сарпарасти кул ҳамаи хароҷоти варзишгаронро ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Ёдрас мешавем, ки дастаи дигари варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 3 –юми Осиёӣ, ки аз 30 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Ханойи Ҷумҳурии Ветнам баргузор гардид, иштирок карда соҳиби медали нуқрагӣ шуданд. Дар ин бозиҳо гӯштингири тоҷик Парвиз Собиров дар вазни 90 кг. дар даври ниҳоии мусобиқа бо варзишгари эронӣ Ҳусейн Ҷомӣ вохӯрда ба гирифтани ҷойи дуюм муваффақ гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






