ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Ноябрь 10, 2009 11:56

                 Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – аз 10 то 15 ноябри соли 2009 дар ҷумҳурии мардумии Чин мусобиқаи 18 –уми Осиё оид ба варзиши сабук баргузор мегардад. Дастаи яккачини мамлакат оид ба варзиши сабук дар ҳайати Дилшод Назаров, Аҷмал Амиров, Галина Митяева, Алишер Эшбеков ва Фарҳод Қуралов дар ин мусобиқаи бонуфуз шарафи ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд.                  Сарпарасти дастаи яккачин оид ба варзиши сабук Ширкати оператории «Алоқаҳои мутаҳаррики Тоҷикистон» мебошад. Тавре директори ҶСП «ТТ мобайл» Гулмахмад Қаюмов иттилоъ дод, варзишгарони тоҷик барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар ин мусобиқа имконияти хуб доранд, бинобар ҳамин Ширкати оператории «Алоқаҳои мутаҳаррики Тоҷикистон» ҳамчун сарпарасти кул ҳамаи хароҷоти варзишгаронро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.                  Ёдрас мешавем, ки дастаи дигари варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 3 –юми Осиёӣ, ки аз 30 октябр то 8 ноябр дар шаҳри Ханойи Ҷумҳурии Ветнам баргузор гардид, иштирок карда соҳиби медали нуқрагӣ шуданд. Дар ин бозиҳо гӯштингири тоҷик Парвиз Собиров дар вазни 90 кг. дар даври ниҳоии мусобиқа бо варзишгари эронӣ Ҳусейн Ҷомӣ вохӯрда ба гирифтани ҷойи дуюм муваффақ гардид.

Ноябрь 10, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст