ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ВЕТНАМ

Ноябрь 3, 2009 11:01

                 Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Маросими кушодашавии бозиҳои сеюми Осиё «Ханой-2009» дар пойтахти Ветнам шаҳри Ханой дар толорҳои пӯшида баргузор гашт.                  Дар барномаи идонаи маросим, ки дар варзишгоҳи миллии «Ми Дин» баргузор гардид, беш аз 5000 варзишгарони машҳур иштирок карданд. Баъди итмоми чорабинии ботантанаи варзишгарон аз 43 давлати Осиё ва фурӯзон кардани машъал, бозиҳои «Ханой-2009»-ро Президенти Ветнам Нгуен Мин Чет кушода эълон кард.                 Бозиҳои олимпӣ то 10 ноябр идома доранд. Беш аз 2500 варзишгарон аз 43 мамлакатҳои Осиё дар 26 намуди варзиш иштирок мекунанд.                 Инчунин дар олимпиада дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи хурд, ки дар бозии навбатӣ аз дастаи футболбозони Ҷопон ба ҳисоби 2: 5 мағлуб шуда буд, иштирок мекунад.

Ноябрь 3, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд