ВАЗЪИ ТАЪМИНОТ БО БАРҚ

Ноябрь 9, 2009 15:11

                Душанбе 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Тавре аз ин пеш хабар дода будем, то ба имрӯз системаи энергетикии Тоҷикистон аз ягон ҷумҳурии ҳамсоя барқ нагирифта истодааст ва имрӯзҳо танҳо бо истифода аз иқтидорҳои худӣ кор мекунад. Дар ҷумҳурӣ, айни ҳол ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 38 — 40 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ин нисбат ба истеҳсолоти ҳаррӯзаи соли гузашта 3-3,5 миллион киловатт зиёд аст.                Аз рӯи маълумоти охирин, ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 декабри соли ҷорӣ нияти аз Системаи муттаҳидаи электроэнергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ баромаданро дорад. Ин маънои онро дорад, ки « Ӯзбекэнерго» тамоми ӯҳдадориҳои то ин вақт ба имзо расидаро сарфи назар менамояд. Ба ғайр аз ин, тавре маълум аст, мутобиқи шартнома Туркманистон мебоист ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон ба кишвари мо то 1 миллиарду 200 миллион кВт.соат нерӯи барқ интиқол медод. Дар сурати аз система баромадани ҷумҳурии Ӯзбекистон ин амал низ аз ҷиҳати техникӣ ғайриимкон хоҳад буд.                  ШСХК «Барқи тоҷик» бори дигар ба мардуми кишвар муроҷиат менамояд, то вазъияти системаи энергетики хуб дарк намоянд ва аз барқи мавҷуда тариқи лампаҳои каммасраф сарфакорона истифода баранд.       

Ноябрь 9, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд