ВАЗИФАИ ҲАЁТАН МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 23, 2009 12:12

                  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназир Абӯбакр). – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 20 ноябр бо намояндаи доимии Созмони рушди Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Миралӣ мулоқот кард.                    Зимни мулоқот ҷараёни иҷрои барномаҳое муҳокима шуданд, ки Хазинаи Оғохон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, фаъолияти бонкҳо ва қарздиҳӣ амалӣ месозанд.                    Давлаталӣ Саидов ба саҳми созмони рушди Хазинаи Оғохон дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории он бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дод.                    Қайд карда шуд, ки вазифаи асосии ҳаётан муҳими Тоҷикистон дар шароити имрӯза ҳарчи зудтар ҳал кардани масъалаи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаи мазкур тамоми тадбирҳоро меандешад.                     Бо ин мақсад барои сармоягузорони хориҷӣ имтиёзҳои ҷиддӣ муайян карда шудаанд, гуфт Д.Саидов.

Ноябрь 23, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд