ВАЗЪИЯТ ДАР РОҲҲОИ ҶУМҲУРӢ ТАШВИШОВАР АСТ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) – Мувофиқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ 27 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо 10 нафар ҳалок, 32 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Аз ҷумла 22 ноябр дар шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи «Дэу-Лопос» Мирзоев Шӯҳрат ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Гулбутта аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада ба садди роҳи мошингард бармехурад. Дар натиҷаи гирифтани ҷароҳатҳои вазнин номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад. 19 ноябр ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Фариддун Мирзоев ҳангоми ҳаракат дар ноҳия Рӯдакӣ ба самти муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Худоиев Қосим бармехурад, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ 1 нафар мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, 3 нафар мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Бо сабаби номусоид омадани боду ҳаво, айни ҳол вазъият дар шоҳроҳи самти Душанбе- Хуҷанд низ душвор мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






