ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

Ноябрь 20, 2009 13:30

                 Суғд, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Субҳи дирӯз, дар маркази шаҳри Хуҷанд ба ибтикори раёсати агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.                  Дар ярмарка 17 ташкилоту корхонаҳои шаҳру ноҳияи вилоят ҷойи кор пешниҳод намуданд.                  806 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз он 506 нафарашон ба хадамоти муҳоҷиратӣ муроҷиат намуданд.                  Дар ярмарка 55 нафар ба ҷои кор тавсия дода шуда, аллакай 30 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 100 нафар вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ гирифтанд.                  Дар ин бора ба хабарнигори «Ховар» сардори раёсати агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Мӯҳсин Миркамолов иттилоъ дод. 

Ноябрь 20, 2009 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд