ЗАХИРАИ ГАНДУМ ДАР ТОҶИКИСТОН БАСАНДА АСТ?
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳоло дар мамлакат 619 ҳазору 190 тонна ғалла ҷамъ оварда шудааст. Маълумоти мазкур бе нишондоди ғаллаи ҷамъовардаи аҳолӣ мебошад. «Дарави ғалладона дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат дар арафаи анҷомёбист. Ба ҳисоби умумӣ имсол 759 ҳазору 502 тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 324 ҳазору 971 тонна зиёд мебошад» — гуфт сардори шӯъбаи маҳсулотҳои техникӣ ва ғалладона Муҳаммадӣ Ормонов . «Мувофиқи пешгӯии мутахассисони вазорати кишоварзӣ, инчунин ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳосили умумии ғалладона дар соли 2009 бояд 1 мил. 153 ҳазор тоннаро ташкил кунад. Имконият ва шароит барои ҷамъоварии ин миқдор ғалла дар мамлакат мавҷуд аст», — илова кард сарчашма. Оид ба ҷамоварии пахта қайд карда шуд, ки аз аввали мавсим то инҷониб 273 ҳазору 323 тонна пахта ғундошта шудааст. Мувофиқи нақша имсол дар мамлакат парвариш ва чиниши 297 ҳазору 257 тонна пахта дар назар дошта шудааст.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






