ЗАХИРАИ ГАНДУМ ДАР ТОҶИКИСТОН БАСАНДА АСТ?

Ноябрь 10, 2009 14:58

                 Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳоло дар мамлакат 619 ҳазору 190 тонна ғалла ҷамъ оварда шудааст. Маълумоти мазкур бе нишондоди ғаллаи ҷамъовардаи аҳолӣ мебошад.                  «Дарави ғалладона дар ноҳияҳои кӯҳии мамлакат дар арафаи анҷомёбист. Ба ҳисоби умумӣ имсол 759 ҳазору 502 тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 324 ҳазору 971 тонна зиёд мебошад» — гуфт сардори шӯъбаи маҳсулотҳои техникӣ ва ғалладона Муҳаммадӣ Ормонов .                   «Мувофиқи пешгӯии мутахассисони вазорати кишоварзӣ, инчунин ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳосили умумии ғалладона дар соли 2009 бояд 1 мил. 153 ҳазор тоннаро ташкил кунад. Имконият ва шароит барои ҷамъоварии ин миқдор ғалла дар мамлакат мавҷуд аст», — илова кард сарчашма.                    Оид ба ҷамоварии пахта қайд карда шуд, ки аз аввали мавсим то инҷониб 273 ҳазору 323 тонна пахта ғундошта шудааст. Мувофиқи нақша имсол дар мамлакат парвариш ва чиниши 297 ҳазору 257 тонна пахта дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 10, 2009 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид