ЗАРАРИ СӮХТОР

Ноябрь 19, 2009 16:14

                  Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 16 ноябр дар хонаи шахсии сокини 22 — олаи ноҳияи Зафаробод Ҳикматой Маҳмудова сӯхтор ба амал омад. Сабаби ба амал омадани сӯхтор риоя накардани қоидаҳои таъмини бехатарии асбобҳои барқӣ мебошад. Ҳ.Маҳмудова хонаи истиқоматии худро ба воситаи дастгоҳи гармкунандаи барқии дастисохт гарм мекард. Дастгоҳи гармкунанда дар наздикии гаҳвораи кӯдаки навзод гузошта шуда буд. Кампали рӯи гаҳвора ба дастгоҳи гармкунанда расида, оташ гирифтааст. Кӯдаки навзоди дар гаҳворабуда, аз дуди оташ нафасгир шуда, ҳалок гашт. Ҳ.Маҳмудова кӯдаки навзоди худро танҳо монда, ба корҳои рӯзгор машғул буд.                   Мутахассисони Раёсати давлатии сӯхторнишонии ВКД Тоҷикистон сабабҳои сӯхторро муайян намуданд.  

Ноябрь 19, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд