ЗУКОМИ ХАФВНОК ПАҲН МЕШАВАД?

Ноябрь 5, 2009 14:55

                 Душанбе, 5 ноябр (АМИТ «Ховар» — mirtv,svpressa.ru.) – Тавре ки хабаргузориҳои хориҷӣ иттиллоъ медиҳанд, 4 ноябри соли ҷорӣ духтурони Ҷумҳурии Қирғизистон аз қатораи самти «Маскав – Бишкек» 7 нафар мусофирро бо гумони гирифтор шудан ба бемории сироятии А/Н 1 N 1 (зукоми хук) ба беморхона интиқол доданд.                  Дар баробари ҳамин табибони Ҷумҳурии Украина оид ба 13 ҳодисаи мубталошавии одамон ба ин бемории хавфовар ва фавти як нафар бемор хабар доданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар айни замон дар қисмати ғарбии Украина қариб 80 ҳазор гирифторони бемории зуком (ОРВИ) ба қайд гирифта шуданд. Бинобар ҳамин дар 9 вилояти Ҷумҳурии Украина низоми карантин эълон ва таълим дар 2403 мактабҳои таълимоти умумӣ барои зиёда аз 1 миллион талаба манъ карда шуд.                Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Озарбойҷон як нафари аз Украина бозгашта хамчун гирифтори бемории зукоми хук ба беморхона равон карда шуд. Дар ҷумҳурии Қазоқистон бар зидди паҳншавии бемории зукоми хук чораҳои фаврӣ дида мешаванд.                Умуман, аз ибтидои паҳншавии ин бемории хавфовар дар Аврупо фавти 204 бемор ва дар тамоми ҷахон фавти 4,5 ҳазор беморони гирифтори зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии гирифторони бемории А/Н 1 N 1 (зукоми хук) дар тамоми ҷаҳон 378 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ноябрь 5, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд