ЗУКОМИ ХАФВНОК ПАҲН МЕШАВАД?
Душанбе, 5 ноябр (АМИТ «Ховар» — mirtv,svpressa.ru.) – Тавре ки хабаргузориҳои хориҷӣ иттиллоъ медиҳанд, 4 ноябри соли ҷорӣ духтурони Ҷумҳурии Қирғизистон аз қатораи самти «Маскав – Бишкек» 7 нафар мусофирро бо гумони гирифтор шудан ба бемории сироятии А/Н 1 N 1 (зукоми хук) ба беморхона интиқол доданд. Дар баробари ҳамин табибони Ҷумҳурии Украина оид ба 13 ҳодисаи мубталошавии одамон ба ин бемории хавфовар ва фавти як нафар бемор хабар доданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар айни замон дар қисмати ғарбии Украина қариб 80 ҳазор гирифторони бемории зуком (ОРВИ) ба қайд гирифта шуданд. Бинобар ҳамин дар 9 вилояти Ҷумҳурии Украина низоми карантин эълон ва таълим дар 2403 мактабҳои таълимоти умумӣ барои зиёда аз 1 миллион талаба манъ карда шуд. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Озарбойҷон як нафари аз Украина бозгашта хамчун гирифтори бемории зукоми хук ба беморхона равон карда шуд. Дар ҷумҳурии Қазоқистон бар зидди паҳншавии бемории зукоми хук чораҳои фаврӣ дида мешаванд. Умуман, аз ибтидои паҳншавии ин бемории хавфовар дар Аврупо фавти 204 бемор ва дар тамоми ҷахон фавти 4,5 ҳазор беморони гирифтори зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии гирифторони бемории А/Н 1 N 1 (зукоми хук) дар тамоми ҷаҳон 378 ҳазорро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






