10 МЛН. $ БАРОИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН»

Декабрь 1, 2009 17:07

                  Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Коллективи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ташаббуси Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина бунёд намудани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», дар баробари тамоми мардуми диловару ҳимматбаланди кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳамовозӣ мекунад.                        Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки азбаски музди меҳнати якрӯзаи кормандони ин корхона маблағӣ нокифоя аст, Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки аз ҳисоби фонди даромадҳои худ ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» алҳол як миллион сомонӣ гузаронад.                     «Пас аз ба фурӯш баромадани саҳмияҳо мо тайёрем аз ҳисоби даромадҳои идора ба маблағи 10 миллион доллари ИМА саҳмия харидорӣ карда, дар сохтмони сарчашмаи бузурги барқи обӣ, ки саросари кишварамонро чароғон менамояд, саҳм гузорем», — тазаккур дод А. Ҳукуматулло.                     Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз тамоми ҳамдиёрон ва ширкату муассисаҳои давлативу хусусӣ даъват ба амал овард, ки дар сохтмони иншооти муҳими аср, ки мероси сазовори мо ба ояндагонамон хоҳад буд, ҳисса гузоранд.                      Маврид ба зикр аст, ки иқдоми Сарвари давлат дар мавриди сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби кулли тоҷикистониён ҳамчун омили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини ояндаи дурухшони мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардааст. 

Декабрь 1, 2009 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд