10 МЛН. $ БАРОИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН»
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Коллективи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ташаббуси Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина бунёд намудани Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», дар баробари тамоми мардуми диловару ҳимматбаланди кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳамовозӣ мекунад. Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки азбаски музди меҳнати якрӯзаи кормандони ин корхона маблағӣ нокифоя аст, Раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки аз ҳисоби фонди даромадҳои худ ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» алҳол як миллион сомонӣ гузаронад. «Пас аз ба фурӯш баромадани саҳмияҳо мо тайёрем аз ҳисоби даромадҳои идора ба маблағи 10 миллион доллари ИМА саҳмия харидорӣ карда, дар сохтмони сарчашмаи бузурги барқи обӣ, ки саросари кишварамонро чароғон менамояд, саҳм гузорем», — тазаккур дод А. Ҳукуматулло. Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз тамоми ҳамдиёрон ва ширкату муассисаҳои давлативу хусусӣ даъват ба амал овард, ки дар сохтмони иншооти муҳими аср, ки мероси сазовори мо ба ояндагонамон хоҳад буд, ҳисса гузоранд. Маврид ба зикр аст, ки иқдоми Сарвари давлат дар мавриди сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби кулли тоҷикистониён ҳамчун омили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини ояндаи дурухшони мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






