ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР

Декабрь 7, 2009 09:38

                   Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 1 декабри соли ҷорӣ дар мавриди фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ба ҳаллу фасли арзу шикоят, дархост, таклифу пешниҳодот ва бо ин мақсад ба роҳ мондани қабули мунтазами шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъкид дошт, ки дар ин кор набояд саде вуҷуд дошта бошад ва роҳбарияти мақомоти иҷроия барои таъмини равобити устувор ва ҳамешагӣ бо мардум тадбирҳои мушаххас андешанд.                      Бо мақсади амалӣ намудани ин Амри Сарвари давлат 5 декабр раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов шаҳрвандонро бо масъалаҳои мухталифи хусусӣ қабул кард. Инчунин, расман ҷонишинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда қабули шаҳвандонро ба роҳ мондаанд. Шанбеи охири ҳар моҳ рӯзи қабули раиси шаҳр муқаррар гардидааст.                    Мудири бахши мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Толибҷон Каримов иттилоъ дод, ки дар ин қабули раиси шаҳр 16 нафар ба саволу муроҷиати худ ҷавоб гирифтанд. Қобили зикр аст, ки раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳар се моҳ тавассути телевизиони «СМ-1» бо сокинон гуфтугӯи мустақими телевизионӣ ороста, тӯли як соат ба саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас медиҳад. То ин муддат 3 маротиба чунин гуфтугӯи мустақими телевизионӣ баргузор шудааст.

Декабрь 7, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст