ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 1 декабри соли ҷорӣ дар мавриди фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ба ҳаллу фасли арзу шикоят, дархост, таклифу пешниҳодот ва бо ин мақсад ба роҳ мондани қабули мунтазами шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъкид дошт, ки дар ин кор набояд саде вуҷуд дошта бошад ва роҳбарияти мақомоти иҷроия барои таъмини равобити устувор ва ҳамешагӣ бо мардум тадбирҳои мушаххас андешанд. Бо мақсади амалӣ намудани ин Амри Сарвари давлат 5 декабр раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов шаҳрвандонро бо масъалаҳои мухталифи хусусӣ қабул кард. Инчунин, расман ҷонишинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда қабули шаҳвандонро ба роҳ мондаанд. Шанбеи охири ҳар моҳ рӯзи қабули раиси шаҳр муқаррар гардидааст. Мудири бахши мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Толибҷон Каримов иттилоъ дод, ки дар ин қабули раиси шаҳр 16 нафар ба саволу муроҷиати худ ҷавоб гирифтанд. Қобили зикр аст, ки раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳар се моҳ тавассути телевизиони «СМ-1» бо сокинон гуфтугӯи мустақими телевизионӣ ороста, тӯли як соат ба саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас медиҳад. То ин муддат 3 маротиба чунин гуфтугӯи мустақими телевизионӣ баргузор шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






