ҚАФАСҲОИ НАВИ МОҲИПАРВАРӢ
Душанбе,16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон», бо дастгирии ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО, ООН) дар обанбори Норак ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ 2 қафас барои парвариши моҳии молӣ сохта ба истифода дода шуда, дар онҳо беш аз 500 ҳазор кирминамоҳичаҳо парвариш карда мешаванд. Бо иттилои ҳамин манбаъ, ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ҳамчунин барои парвариш ба ҶДММ «Форел» ва хоҷагии деҳқонии «Гулмоҳӣ» -и шаҳри Ваҳдат 300 ҳазор дона тухми бордоршудаи гулмоҳиро, ки 6 ҳазор доллари амрикоӣ қиммат дорад, интиқол намуд. Боиси тазаккур аст, ки методи нави дар қафас парвариш намудани кирминамоҳичаҳо, ки дар обанбори Норак парвариш меёбанд имкон медиҳад, ки миқдори моҳӣ дар давоми 1 -2 сол беталаф ба садҳо миллион дона расонида шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






