ҚАРЗДОРҲО АЗ БАРҚ МАҲРУМ МЕГАРДАНД

Декабрь 5, 2009 10:10

                Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) –Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ширкати кушодаи саҳҳомӣ-холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мувофиқи супориши роҳбарияти ширкат то 6 декабри соли ҷорӣ ҳамаи қарздорон аз интиқоли барқ маҳрум карда мешаванд.                 Мувофиқи хабари сарчашма тамоми шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вазифадор шудаанд, ки ҳамаи корхонаҳо, идораву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои истиқоматие, ки то рӯзи 6 декабр қарзҳои худро аз ҳисоби истифодаи барқ пардохт намекунанд, пурра аз барқ бо роҳи қатъ кардани интиқоли он маҳрум мегарданд. «Ин чорабиниҳо бо мақсади таъмин кардани аҳолии деҳот бо барқ дар ҳаҷми 7 соат дар як шабонарӯз ва риояи баробарии истифодаи барқ пеш гирифта шудааст».                   Ёдрас мешавем, ки аз 30 ноябри солӣ ҷорӣ шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо реҷаи мухтор фаъолият карда дар як шабонарӯз зиёда аз 45 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Декабрь 5, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд