ҚАРЗДОРҲО АЗ БАРҚ МАҲРУМ МЕГАРДАНД
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) –Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ширкати кушодаи саҳҳомӣ-холдингии «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мувофиқи супориши роҳбарияти ширкат то 6 декабри соли ҷорӣ ҳамаи қарздорон аз интиқоли барқ маҳрум карда мешаванд. Мувофиқи хабари сарчашма тамоми шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вазифадор шудаанд, ки ҳамаи корхонаҳо, идораву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои истиқоматие, ки то рӯзи 6 декабр қарзҳои худро аз ҳисоби истифодаи барқ пардохт намекунанд, пурра аз барқ бо роҳи қатъ кардани интиқоли он маҳрум мегарданд. «Ин чорабиниҳо бо мақсади таъмин кардани аҳолии деҳот бо барқ дар ҳаҷми 7 соат дар як шабонарӯз ва риояи баробарии истифодаи барқ пеш гирифта шудааст». Ёдрас мешавем, ки аз 30 ноябри солӣ ҷорӣ шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо реҷаи мухтор фаъолият карда дар як шабонарӯз зиёда аз 45 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






