ҚАТЪНОМАИ НАВИ СММ

Декабрь 19, 2009 12:04

                 Ню-Йорк,19 декабр.(АМИТ «Ховар»-ИТАР-ТАСС).-18 декабр дар маҷлиси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тақвияти мубориза ба муқобили барқарор гардидани шаклҳои имрӯзаи нажодпарастӣ қатънома қабул гардид. 127 давлати аъзои СММ ба тарафдории қабули қатънома овоз доданд, танҳо намояндаи ИМА ба муқобили он овоз дод.                 Дар қатънома гуфта мешавд, ки паҳн гардидани ғояҳои навбаромад дар заминаи бартарияти нажодӣ ва ташвиқу тарғиби хусумату душманӣ, ҳодисаҳои зуроварӣ ё иғвогарӣ ба чунин зуҳуроти номатлуб бояд дар асоси қонун ҳамчун ҷиноят эътироф намуда, гунаҳкорони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.                     Дар қатънома вобаста ба идома ёфтани кӯшишҳои хароб намудани ёдгориҳои барои поси хотири онҳое, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷахон ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд, изҳори ташвиши ҷиддӣ карда мешавад.

Декабрь 19, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд