ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Дирӯз, 3 декабр дар Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо имзо карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурӣ, генерал – лейтенант Рустам Назаров ва аз ҷониби Русия сафири кабири ин мамлакат Юрий Попов имзо карданд. Созишнома ҳамкории ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистону Русияро дар бобати дастраси ҳамдигар гардонидани маълумоти зарурӣ, гузаронидани амалиёти муштарак барои бастани роҳҳои интиқол ва қочоқи маводи нашъадор, иваз кардани таҷрибаи ҳамдигар, ташкили мулоқотҳои корӣ, гузаронидани машварату конфронсҳо ва семинарҳо ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Қайд кардан лозим аст, ки мақомоти дахлдори ҳар ду мамлакат дар тамоми тадбирҳои зидди маводи нашъадори дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ ва созмонҳои дигар гузаронидашаванда фаъолона иштирок менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






