ҲАР ОИЛА 3000 СОМОНӢ БАРОИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН»

Декабрь 2, 2009 12:02

                   Душанбе, 2 декабря. (АМИТ «Ховар»). — Тавре аз ҳукумати ноҳияи Восеъ иттилоот гирифтем, ҷавобан ба муроҷиати Сарвари давлат оид ба саҳмгузорӣ дар сохтмони иншооти стратегии аср – НОБ – и Роғун меҳнаташони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки музди дурӯзаи меҳнаташонро ба суратҳисоби «Роғун» ирсол намоянд.                     Нафақахӯрон ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ низ ин иқдомро дастгирӣ кардаанд.                     Баъди амалӣ шудани ҳама нияту нақшаҳои созандаи Президенти Ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус лоиҳаҳои бузурги роҳи оҳану туннелҳо, роҳҳои автомобилгард дар шароити душвори кӯҳистон, инчунин дар мӯҳлати кӯтоҳ ба фаъолият пардохтани НОБ – и Сангтӯда 1 ва дар ҷараён будани сохтмони даҳҳо иншооти истеҳсолию маъмурӣ, мо меҳнаткашони ноҳияи Восеъ эътимоди комил дорем, ки Роғун ҳам дар фурсати начандон тӯлонӣ мавриди истифода қарор гирифта, рӯзгори моро равшантару сарбаландии моро афзунтар хоҳад гардонид. Ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамеша барои некӯаҳволии халқи оддии меҳнаткаш равона шудааст ва ду — се маротиба арзон шудани нархи орду гандум ва дигар зироати кишоварзӣ маҳз натиҷаи дастурҳои оқилонаашон баҳри истифодаи самарабахши замин, зиёд намудани кишти такрорӣ ва дар як сол гирифтани ҳосили дучанду сечанд мебошад. Мо хеле хуб эҳсос мекунем, ки сол то сол сатҳи зиндагиамон беҳтар шуда истодааст.                     Танҳо истиқлолияти энергетикӣ метавонад, ифтихору эътибори моро афзун гардонида, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидати амиқ намояд, омадааст, дар муроҷиати меҳнаткашони ноҳияи Восеъ ба аҳли ҷомеаи мамлакат ва кулли тоҷикони башар.                      Ҳамзамон оилаҳои соҳибимконияти ноҳия азм кардаанд, ки дар оғози соли нави 2010 ҳар кадом ба маблағи 3000 сомонӣ саҳмияҳои НОБ – и Роғунро харидорӣ намоянд.                     Муташаккилӣ дар ин кори хайру тақдирсоз омили муҳими таҳкими ваҳдату якдигарфаҳмӣ дӯстию рафоқат, ифодаи бебаҳси рӯҳияи қавӣ дар бунёдкорию созандагӣ ва ватандӯстию хирадпешагии мардуми соҳибфарҳангӣ тоҷик аст, таъкид шудааст, дар муроҷиатноаи меҳнаткашони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон.  

Декабрь 2, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд